Дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Левакант коллеҷҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис шуданд

0
751 просмотров

Дар соли таҳсили 2023-2024 дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Левакант коллеҷҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз рӯи ихтисосҳои саноат, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ таъсис дода шуданд. Дар ин хусус ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Таъкид шуд, ки қабули доваталабон ба коллеҷҳои зертобеи Донишгоҳ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Левакант шуруъ гардида, аллакай аз рӯи ихтисосҳои саноат, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ 100 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Иброз гардид, ки бо назардошти таъсиси ду муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ- коллеҷҳо дар вилояти Суғду Хатлон дар сохтори донишгоҳ дар ин давра ба воҳидҳои кории амалкунанда вобаста ба васеъ гардидани доираи фаъолияти донишгоҳ дар филиалҳо, коллеҷу литсейҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Левакант беш аз 100 воҳиди кории иловагии омӯзгорӣ таъсис дода шуда, омӯзгорону кормандон тариқи озмун ба кор қабул гардиданд.

Манбаъ: АМИТ  «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

В Балтийское море вошли корабли НАТО

Морская группа НАТО во главе с эсминцем США вошла в Балтийское море. За ситуацией следят российские корабли. Российские корабли следят за действиями военно-морской группы Североатлантического ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: