Бозии дастаҳои футболи «Хуҷанд» ва «Кӯктош» — 2 : 0

0
4 738 просмотров

Дар бозии даври 9-уми Чемпионати мамлакат байни дастаҳои Лигаи олӣ дастаи футболи «Хуҷанд» дар хонааш дастаи «Кӯктош»-ро бо бартарии 2:0 шикаст дод. Голҳои ин дидорро Ҷаҳонгир Эргашев ва Фарҳод Тоҳиров ба ҳадаф расониданд.

Дастаи футболи «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор дар ин даври Лигаи олии мамлакат дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро дар майдони худ  қабул кард. Бозии ин дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи   дастаи футболи  «Барқчӣ» анҷом ёфт.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд, ягона голи ин вохӯриро ҳамлавари дастаи футболи «Барқчӣ» Ваҳдат Ҳанонов ба ҳадаф расонида, аввалин пирӯзии дастаашро дар мавсим таъмин намуд. То ин замон шогирдони Мубин Эргашев дар 7 бозии пай дар пай ба бохт дучор мешуданд.

Манбаъ: Сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Суманак-рамзи баҳор

Суманак навъе аз хуриши наврузӣ аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Тарзи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: