Президенти Беларус ба Тоҷикистон омад

0
5 538 просмотров

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. 

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенкоро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи сафари расмӣ мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, инчунин музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ дар назар аст.

Сарони давлатҳо натиҷаҳо ва нақшаҳои минбаъдаи рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, истеҳсолӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҳамгироии сармоягузорӣ, инчунин фаъолият дар бозорҳои кишварҳои сеюмро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ба имзо расонидани як зумра санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар назар аст.

Манбаъ: Сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ба робот ҳис кардани дардро омўзониданд.

Интизор меравад, ки ин восита ба роботҳо барои ғамхорӣ намудан аз болои бехатарии худ имкон медиҳад. Ғояи системаи мазкурро гурўҳи тадқиқотчиён аз донишгоҳи Ганноверск пешниҳод ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: