Эҳтимол Каземиро тарки “МЮ” карда, ба дастаҳои Арабистони Саудӣ ҳамроҳ мешавад

0
740 просмотров

Ниммуҳофизатгари дастаи «Манчестер Юнайтед» – Карлос Каземиро эҳтимол меравад, ки тарки бошгоҳ намояд. Ӯ дар ҳайати тим зери роҳнамоии Эрик тен Ҳаг мақеашро пайдо карда натавониста истодааст ва аз гузариш ба бошгоҳи шаҳри Манчестер пушаймон аст.

Тавре рӯзноманигор Алекс Крук дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, дастаҳои Арабистони Саудӣ ба ин бозигари бразилӣ таваҷҷӯҳ доранд. Қайд карда мешавад, ки роҳбарияти «Манчестер Юнайтед» ба фурӯши Каземиро бо шартҳои имтиёзнок манфиатдор аст.

Каземирои 31-сола тобистони соли 2022 аз “Реал Мадрид” ба «Манчестер Юнайтед» гузашт. Дар мавсими имсола, бразилӣ дар 12 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо иштирок карда, дар онҳо 4 гол ва як партофти головар кардааст. Созишнома байни тарафҳо то тобистони соли 2026 ба имзо расида буд.

Дар ҳоли ҳозир «Манчестер Юнайтед» пас аз 12 даври Премйер-Лигаи Англия бо 21 имтиёз дар ҷои 6-ум қарор дорад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

«Невелика потеря». Хабиб против Тимати

Конор Макгрегор пока неохотно участвует в раскрутке боя с Хабибом Нурмагомедовым. Но это не беда, ведь совсем без скандалов последние недели перед главным боем в жизни Орла ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: