Дастаи мунтахаби Тоҷикистон чемпиони «Ҷоми Мердека-2023» гардид

0
630 просмотров

Шоми дирӯз бозии ниҳоии мусобиқаи 42-юми байналмилалии «Ҷоми Мердека-2023» оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вохӯрии дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Тоҷикистон дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалил дар Куала-Лумпур доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди дастаи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт. Голҳои Рустам Соиров ва Шаҳром Самиев ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон пирӯзӣ оварданд.

Қаблан дастаҳои мунтахаби Малайзия ва Тоҷикистон се бор бо ҳам вохӯрдаанд. Дастаи мо дар ду бозӣ пирӯз шуда, дар як рақобати дигар дастаи мунтахаби Малайзия ғалаба намуда буд.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар аввалин иштирокаш дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» бар дастаи мунтахаби Малайзия дар Тайиланд ғолиб омада, чемпион гардид.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёнро аз қарз озод кард

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни макотиби олии мамлакат  аввалин шуда дар давраи пандемия ба донишҷӯёни худ кумак расонд, менависад «Sputnik» бо истинод ба нашрияи «Тоҷикистон». Дар маҷмуъ, 2821 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи миллии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: