«Барселона» дар Ҷоми Гампер «Тоттенхэм»-ро мағлуб кард

0
933 просмотров

Бошгоҳи «Барселона» дар бозии дӯстона дар Ҷоми Гампер бар «Тоттенхэм » бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Олимпико”-и шаҳри Барселона доир гардид.

Голҳоро аз ҳайати бошгоҳи каталонӣ Роберт Левандовски, Ферран Торрес, Ансу Фати ва Эзе Абде ба самар расониданд. Аз ҳайати «Тоттенхэм» ниммуҳофизатгар Оливер Скипп дубл кард.

Дар ин бозӣ капитани «Тоттенхэм» Ҳарри Кейн, ки ба «Бавария» гузаштан мехоҳад, иштирок накард. Вингери “Барса” — Усмон Дембеле, ки метавонад дар ояндаи наздик ба “ПСЖ” гузарад, низ бозӣ накард.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 25.08.2022

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.2500 сомонӣ; 1 евро – 10.1725 сомонӣ; ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: