Танӯри нонвойхона 12960-сомонӣ зарари моддӣ расонид

0
5 965 просмотров

Рӯзи 9-уми январи соли 2018, ҳангоми гузаронидани санҷиши муштарак аз ҷониби кормандони милитсия ва дигар мақомоти дахлдор муайян карда шуд, ки марди 55-солаи сокини ҷамоати Россияи ноҳияи Рӯдакӣ, соҳибкор-нонпаз, ғайриқонунӣ бо роҳи пинҳонӣ аз симчӯби қувваи барқ, бе иҷозати шабакаҳои барқӣ ва ҳисобгираки барқӣ қувваи барқро ба танури нонвойхонааш, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ ш.Душанбе гузаронидааст. Дар натиҷа номбурда ба ширкати саҳҳомии холдингии “Барқи Тоҷик”, ба миқдори 12 ҳазору 960-сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. Нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

 

Сомонаи расмии MVD.TJ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Кӯмакрасони мусиқавӣ бо номи Hurricane

Ин дастгоҳи донои Hurricane мебошад, ки чун ёрирасони хонагӣ барои мусиқӣ гуш кардан офарида шудааст. Дастгоҳ мусиқиҳоро тавассути SoundHound пайдо намуда, онро бо ёрии  ду ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: