Голҳои нахусти Беллингем ва Хоселу пирӯзии «Реал»-ро муқобили «МЮ» таъмин намуданд

0
908 просмотров

Дар шаҳри Хюстони ИМА дар варзишгоҳи «Эн-Эр-Ҷи Стэдиум» бозии рафиқона миёни тимҳои «Реал»-и Мадрид ва «Манчестер Юнайтед» доир гардид, ки ба нафъи дастаи испанӣ бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт.

Голи нахусти бозиро нимҳимоягари англис Ҷуд Беллингем ба самар расонид. Ин ҳам голи нахусти Ҷуд дар сафи «галактикос» ба ҳисоб меравад. Партофти голиро барояш Антонио Рюдигер таъмин намуд. Дар дақиқаи 89-ум бозигари нави дигари мадридӣ Хоселу низ голи нахусти худро вориди дарвоза намуд. Муаллифи партофти голӣ Лукас Васкес гардид.

Бозии навбатии рафиқонаи «Реал» муқобили «Барселона» буда, «Манчестер Юнайтед» бо «Боруссия»-и Дортмунд нерӯсанҷӣ мекунад.

Бозиҳои рафиқона (миёни бошгоҳҳо) – 2023

27-уми июли соли 2023, панҷшанбе. 05:30 ДШБ

Реал Мадрид (Испания) 2 : 0 Манчестер Юнайтед (Англия)

1:0 Беллингем – 6′ 2:0 Хоселу – 89′

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Шоми фарҳангии тоҷикон дар Парижи Фаронса

Дар он намояндагони вазорату идораҳои Фаронса, ҳайати дипломатии кишвари иқомат, гурӯҳҳои тиҷоратӣ, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Фаронса ва дӯстони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар шаҳри ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: