Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА як зина боло рафт

0
6 082 просмотров

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) имрӯз рейтинги нави худро мунташир сохт, ки тибқи он мунтахаби Тоҷикистон як зина боло рафта, бо касби 255 имтиёз дар зинаи 126-ум қарор гирифт. Дар феҳристи раддабандии ҷадиди ФИФА кишвари Олмон бо 1602 имтиёз дар зинаи якум, Бразилия бо 1483 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Португалия 1358 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд. Дар даҳгонаи беҳтарин кишварҳои Аргентина, Беглия, Испания, Полша, Швейтсария, Фаронса ва Чили шомиланд. Ёдовар мешавем, ки феҳрасти ФИФА ҳар моҳ нашр гардида, дар он мавқеи кишварҳои аз рӯи натиҷаи умумии имтиёзҳои бадастовардаи мунтахабҳояшон муайян карда мешаванд.

 

Раддабандии ФИФА:

1 (1). Олмон – 1602

2 (2). Бразилия – 1483

3 (3). Португалия – 1358

4 (4). Аргентина – 1348

5 (5). Белгия – 1325

6 (6). Испания – 1231

7 (7). Полша – 1209

8 (8). Швейтсария – 1190

9 (9). Фаронса – 1183

10 (10). Чили— 1162

126 (126). Тоҷикистон — 255.

 

Манбаъ: сомонаи расмии телевизиони «Варзиш»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Тоҷикистон ва Қирғизистон масоили омодагӣ ба чорабиниҳои соли 2023 дар сатҳи олӣ доиршавандаро баррасӣ карданд

Бо дархости ҷониби Қирғизистон 28 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев суҳбати телефонӣ анҷом дод. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: