Гуфтушуниди Нуриддин Давронов бо “Мадура Юнайтед”

3 447 просмотров

Сарвони тими миллии кишвар ва нимҳимоятгари дастаи “Истиқлол” Нуриддин Давронов метавонад корномаи хешро дар чемпионати хориҷа идома бахшад. Ба нимҳимоягари 26-солаи кишвар дастаи индонезии «Мадура Юнайтед» мароқ зоҳир намудааст. Чи хеле ки маълум гашт имрӯз Давронов тавассути Истамбул баҳри гуфтӯшунид бо дастаи “Мадура Юнайтед” ба Индонезия парвоз намуд. Бозингари дигари тими мунтахаб Манучеҳр Ҷалилов, ки 2 соли охир дар дастаи “Истиқлол” ҳунарнамоӣ мекард, ҳафтаи гузашта ба ҳайати дастаи дигари ин кишвар «Шривиҷая» ҳамроҳ гардид. Беҳтарин бозингари Ҷоми КФО дар ҳайати дастаи наваш аллакай чанд бозиро баргузор намуд.

Манбаъ: сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

Также рекомендуем

Билл Гейтс: 5 лучших книг 2024 года

Это работы о прошлом, настоящем и будущем. Билл Гейтс в своём блоге поделился пятью любимыми книгами 2024 года. Все они, кроме одной, так или иначе посвящены осмыслению ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: