Сайёҳон ба тамошои Осорхонаи таърихии ноҳияи Темурмалик мароқ зоҳир менамоянд

0
780 просмотров

Ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо бунёди инфрасохтори муосир тарҳи худро беҳбуд бахшидааст, дар ин баробар бо мавҷудияти мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Чилтан, Мақбараи Хоҷи Ҳусайни Хатлонӣ, ёдгории таърихии Қунғуртут мавриди таваҷҷуҳи сокинону сайёҳон қарор гирифтааст, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Тавре сармутахассиси шуъбаи фарҳанги ноҳияи мазкур Ҷалолиддин Сафарзод изҳор дошт, дар гузашта дар ҳар кӯчаи ноҳия ҳунармандон, аз ҷумла чармагарону кўлолгарон ва чўбтарошону амсоли онҳо кору зиндагӣ мекарданд ва ҳар кӯча бо номи ҳунарамандонаш муаррифӣ мешуд, ки намунаи ҳунари ин мардум дар Осорхонаи таърихии ноҳия ба номи Бобоюнус Худойдодзода гирд оварда шуда, тамошогаҳи сайёҳони хориҷӣ низ гаштааст.

Илова бар ин, яке аз ҷойҳои маъмулу баландарзиши осорхонаро гўшаи тангашиносӣ ташкил медиҳад, ки мутаалиқ ба замони Темуриёну Сомониён мебошад.

Маҷмуан дар Осорхонаи ба номи Бобоюнус Худойдодзода 536 нигора маҳфуз мебошад, ки ҳамагӣ дар натиҷаи бозёфти бостоншиносон аз гўшаҳои гуногуни ноҳияи Темурмалик ҷамъ оварда шудаанд.

Таъсиси Осорхонаи мазкур баҳри муаррифии таъриху тамаддуни қадимаи мардуми тоҷик дар ин гўшаи Тоҷикистон ба меҳмонону сайёҳон мусоидат менамояд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Духтари суғдӣ дар озмуни беҳтарин лабханди ҷаҳон

Сокини шаҳри Хуҷанд,Рухшона Шарипова ба даври чорякниҳоии Озмуни байнулмилалии зеботарин лабханди ҷаҳон-«Smile of Universe» ширкат мекунад Рухшона Шариповаи 24-сола дар Озмуни зеботарин лабханди ҷаҳон ширкат ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: