“Реал” дар охир Беллингемро ба даст овард

0
1 038 просмотров

Ниммуҳофизатгари англис Ҷуд Беллингем аз дастаи “Боруссия”-и Дортмунд ба “Реал Мадрид” гузариш кард. Дар ин бора дафтари матбуотии бошгоҳ шаҳри Дортмунд хабар дод.

Муддати тӯлонӣ дар ин мавсим “Ливерпул”  довталабони асосии Беллингем ҳисобида мешуданд, аммо баъдан “мерсисайдиҳо” тасмим гирифтанд, ки барои як бозигар ин қадар пули зиёд сарф накунанд. Аз ин фурсат истифода бурда, “Реал Мадрид” бо маблағи ҳангуфт Беллингемро  ба даст овард.

Тибқи иттилои Sky Sports, “Реал Мадрид”  барои Беллингем 88,5 миллион фунт сарф кард ва бо иловаи  мукофотпулӣ ин маблағ ба  115 миллион фунт стерлинг афзоиш меёбад, ки Ҷудро  гаронарзиштарин бозигари бритониёӣ дар ҳама давру замон мекунад.

Ҳоло футболбози 19-солаи англис, ки беҳтарин бозигари Бундеслига дар ин мавсим  дониста шудааст, бояд пеш аз имзои шартнома дар Мадрид аз муоинаи тиббӣ гузарад.

Ёдовар мешавем, ки бо Беллингем дастаи “Реал Мадрид” то моҳи июни соли 2029 шартнома имзо мекунад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 11.03.2021

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3082 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: