Имрӯз Ҷоми Ҷаҳонии бошгоҳҳо дар Марокаш оғоз мешавад

0
1 041 просмотров

Давоми 11 рӯз Марокаш мизбони Ҷоми ҷаҳонии футболи бошгоҳҳо хоҳад шуд. Дар он 6 бошгоҳи манотиқи мухталифи ҷаҳон — ғолибони конфедератсияҳои футболи худ, инчунин тими кишвари мизбони мусобиқот ширкат мекунанд.

Имрӯз  дар Марокаш бозиҳои аввали мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни бошгоҳҳо оғоз мешавад.  Дар мусобиқаи мазкур ҳамагӣ 6 даста —  “Реал Мадрид” аз Испания, “Фламенго”аз Бразилия,  “Окленд Сити” аз Зеландияи Нав бо “Ал-Аҳли” аз Миср, “Сиэтл Саундерс” аз Амрико, “Видад” аз Марокаш  ва “Ал-Ҳилол” аз Арабистони Саудӣ иштирок мекунанд.

Рӯзи 11 –уми  феврал финали мусобика барпо мегардад. Худи ҳамон рӯз бозӣ барои ҷои 3-юм баргузор мешавад, ки дар он ду дастаи дар даври нимниҳоӣ мағлуб шуда, байни худ қавитаринро муайян мекунанд.

Фаворити Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳои  ФИФА ин дастаи  “Реал Мадрид”  мебошад, ки аллакай 4 маротиба дар ин мусобиқа ғолиб шудааст. Ғолиби қаблии мусобиқа дастаи “Челси” маҳсуб мешавад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Тадқиқоти таркиши ситораҳои нав дар расадхонаи «Санглох»

Олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон мушоҳидаҳои гуногунранги таркиши ситораҳои навро дар Расадхонаи астрономии байналмилалии «Санглох» иҷро карда истодаанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: