Кумаки навбатии башардӯстонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Покистон дастрас гардид

0
899 просмотров

Кумаки навбатии башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки дар натиҷаи офатҳои табиии селу обҳезиҳои шадид моҳҳои охир хисороти зиёди ҷонию иқтисодӣ дидаанд, дастрас гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Исломобод хабар доданд.

Кумаки башардӯстона аз маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушўйӣ дар ҳаҷми қариб 5000 тонна, аз ҷумла аз 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандуми истеъмолӣ, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1500 тонна ангиштсанг, 2000 тонна семент, 5000 дона шифер, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собуни хоҷагӣ иборат буда, маблағи 19 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бозии аввалини “Хуҷанд” дар Ҷоми КФО- 2018

Дастаи “Хуҷанд”-и Тоҷикистон дар доираи бозиҳои марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО- 2018 бозии аввалини худро бо дастаи “Аҳал”-и Туркманистон дар сафар анҷом дод. Бозӣ хело тезу ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: