Мулоқотҳои судманд дар шаҳри Ню-Йорк

0
5 686 просмотров

Дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Раиси Иҷлосияи 71-уми Маҷмааи Умумии СММ Питер Томсон ва Вазири корҳои хориҷии Канада Кристиа Фриланд мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳадафҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои СММ, аз ҷумла масоили ҷории иқтисодӣ ва иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор табодули назар намудаанд. Инчунин дар рафти мулоқот бо Кристиа Фриланд масоили мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Канада баррасӣ гардида, вобаста ба масъалаҳои марбут ба бозори меҳнат, об ва рушди минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ табодули афкор сурат гирифт.

 

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

ВКонтакте ва Yandex ба даҳгонаи сомонаҳои машҳуртарини ҷаҳон ворид шуданд

Шабакаи иҷтимоии «ВКонтакте» ва муҳаррики ҷустуҷӯии «Yandex» ба даҳгонаи сомонаҳои машҳуртарини ҷаҳон дохил шуданд. Дар ин бора,  маълумотҳои ширкати байналмиллалӣ-тадқиқотии SimilarWeb гувоҳӣ медиҳад. Cе ҷоизаи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: