Кушодашавии варзишгоҳи нав дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

0
6 754 просмотров

Ҷанд рӯз қабл дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷмааи варзишӣ бо номи «Варзишгоҳи ҷавонӣ» мавриди истифода қарор дода шуд. «Варзишгоҳи ҷавонӣ» бахшида ба Соли ҷавонон бо кӯмаку мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бунёд ёфта, аз толори калони машғулиятҳо ва майдончаи футболи хурд иборат мебошад.  Дар маросими ифтитоҳи иншооти нави варзишӣ роҳбарияти ноҳия, масъулину мутахассисони шуъбаву бахшҳои мақомоти давлатӣ, устодону варзишгарон, сокинони маҳаллӣ ва дӯстдорони варзишу тарбияи ҷисмонӣ ширкат варзида, бунёди чунин варзишгоҳро қадамҳои устувор дар рушди варзишу тарбияи ҷисмонӣ арзёбӣ намуданд. Дар варзишгоҳи навбунёд шароит барои машғул шудани ҷавонон ба варзиши гӯштин, футбол, волейбол, баскетбол, теннису дигар навъҳои фароҳам оварда шудааст.

Манбаъ: Сомонаи «Суғд».тҷ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 22.06.2020

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3075 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: