Дар доираи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон дар шаҳри Душанбе маросими имзои созишномаҳои муштарак аз рӯи 7 лоиҳаи дигар баргузор гардид. Созишномаҳои мазкурро дар бахшҳои маорифу тандурустӣ ва беҳдошти вазъи кишоварзӣ дар минтақаҳои алоҳида, раисони шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони Ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон ба имзо расониданд. Маблағи умумии ин лоиҳаҳо дар маҷмӯъ 694 ҳазору 82 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дода, барои харидории таҷҳизоти тиббӣ ба Маркази саломатии рақами 10-и шаҳри Душанбе ва сохтмони биноҳои нави мактаб дар ноҳияҳои Балҷувон, Бохтар, Нуробод, Тоҷикобод ва инчунин дастрас гардондани техникаҳои кишоварзӣ ба ноҳияҳои Ғончиву Ховалинг пешбинӣ шудааст. Ба иқрори масъулин роҳандозӣ шудани лоиҳаҳои мазкур пешравиҳои чашмрасе дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва кишоварзии шаҳру навоҳии номбурда ба вуҷуд хоҳад овард. Дар ин бора jahonnamo.tj хабар медихад.
Бунёди корхонаи азими саноатӣ дар ноҳияи Айнӣ
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ сафари корӣ анҷом дод. Ҷоизи зикр аст, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои ...


рахмат барои хабархои диккатчалбкунанда
Ташаккур ба ахборот ки дастраси мо менамоед