«Истиқлол» аз Аргентина футболбоз харид

0
1 254 просмотров

Бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе ҳайати худро бо як нимҳимоятгар аз Аргентина пурзӯр кард.

Дар равзанаи гузаришии  тобистона қаҳрамони бисёркаратаи  кишвар бо нимҳимоятгар аз Аргентина Гонсало Ритако шартнома баст.  Гонсало субҳи имрӯз ба Душанбе омад ва дар тамрини бегоҳирӯзӣ  бо даста шинос мешавад.

Гонсало Габриэл Ритако 21 майи соли 1993 дар Аргентина таваллуд шудааст.

Дар дастаҳои Аргентина, Эквадор ва Юнон бозӣ кардааст. Охирин даста — «Қизилқум» (Ӯзбекистон).

Бояд гуфт, ки бозигари нави «Истиқлол» Гонсало Ритако аввалин футболбози аргентинӣ мебошад, ки дар чемпионати футболи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оиди ҳамкории иҷтисодӣ доир мешавад

11-13 октябр дар шаҳри Душанбе баргузории ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: