Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҷлил мегардад

0
1 533 просмотров

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 1 июн дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ.

Дар доираи барномаи мазкур кӯдаконро шакли зиндаи одамони «Асри санг», «Маликаи Саразм», «Кентавр», инчунин саволу ҷавобҳо, қироати шеър дар васфи Ватан — Модар ва чистонҳо интизоранд. Инчунни ба ғолибон шириниҳо туҳфа карда мешаванд. Барномаҳо ва тамошои онҳо ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа, махсусан кӯдакон таъсири мусбат расонида, онҳоро болидарӯҳ ва хушҳол менамоянд.

Ҳадаф аз баргузор намудани ин барномаҳо- фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғати фарҳангӣ, тарбияи маънавӣ ва шароити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакону наврасон дар муассисаҳои фарҳангӣ буда, ҳамзамон инкишоф додани қобилияти зеҳнии бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Кӯдакон ояндаи мову Шумо!

1-уми июн ба унвони Рӯзи байналмилалии кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Cоли 1925 дар анҷумани ҷаҳонии вазъи кӯдак дар Женева 1 июн ҳамчун Рӯзи кӯдак муқаррар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: