Дар Ашт озмуни “Кадбонуи беҳтарин” баргузор гардид

0
4 755 просмотров

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Ашт даври аввали озмуни “Кадбонуи беҳтарин” доир гардида истодааст.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар озмуни “Кадбонуи беҳтарин”, ки дар ҷамоати деҳоти Ошоба баргузор гардид, панҷ даста иштирок намуда, маҳорати пазандагии худро нишон доданд.

Дар охир ҳакамон бо маҳсули кори кадбонуҳо шинос гардида, ғолибони даври аввали озмунро муайян намуданд.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки ин озмун бо мақсади эҳёи касбҳои миллӣ, дарёфти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили таомҳои қадимӣ ва тарғиби расму оинҳои миллӣ роҳандозӣ гардид.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Барқарорсозии пули мошингузар оғоз ёфт

Дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов барқарорсозии як пули мошингузар, ки бар асари омадани сел вайрон гардида буд, оғоз ёфт. Барои барқарор кардани купрӯк ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: