Душанбе мизбони Чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал мегардад

0
1 311 просмотров

Аз 19 то 29 январ шаҳри Душанбе мизбони Чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал миёни дастаҳои  миллии бонувон мегардад. Дар он чор дастаи мунтахаби минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон байни ҳам рақобат мекунанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба ин мусобиқа сармураббӣ Шамшод Ниятбеков омода месозад.

Мавриди зикр аст, ки Чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал миёни бонувон тибқи системаи даврӣ дар ду давр доир мешавад ва ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки холи бештар ба даст меорад, ғолиб мегардад.

Макони баргузории бозиҳо дар Маҷмааи варзишии Қасри теннис ва варзишҳои обии шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»  

Нет комментариев

Также рекомендуем

Суманак-рамзи баҳор

Суманак навъе аз хуриши наврузӣ аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Тарзи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: