ВКД хабар медиҳад

0
7 106 просмотров

Санаи 23-юми декабри соли 2016, ба Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров, аризаи марди 31-солаи  сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ҳамин ноҳия дар он хусус ворид гардид, ки соли 2014, марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 28 ҳазору 774 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Ҳамчунин, 23-юми декабри соли 2016, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 33-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, 25-уми августи соли 2013, ба  боварии марди 48-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, аз ӯ 40 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Ҳамчунин муайян гардид, ки номбурда, санаи 17-уми июни соли 2016, бо роҳи фиреб ба бовариии марди 35-солаи сокини шаҳри Истиқлол даромада, аз ӯ 22 ҳазору 500-сомониро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.

Манбаъ: www.mvd.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Аз 29 январ дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оғоз мешаванд

Шуруъ аз 29 январи соли равон вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: