Муин Ғафуровро бо ташхиси мусбати допинг муҷозот карданд

0
2 011 просмотров

Размовари шинохтаи тоҷик Муин Ғафуровро, бар асари ташхиси мусбати допинг ба муҳлати шаш моҳ аз иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум карданд.

Натиҷаи санҷиши размикори 26-сола муайян кардааст, ки дар бадани ӯ маводи барои варзишкорон мамнуи канренон мавҷуд аст. Муин Ғафуров охирин қувваозмоии худро бо варзишгари канадагӣ Чад Анхелигер моҳи сентябри соли ҷорӣ дар мусобиқаи Dana White’s Contender Series анҷом дод. Дар сурати пирӯзӣ дар ин рақобат Муин метавонист дар таърих ҳамчун аввалин размикор аз Тоҷикистон, ки бо UFC шартнома баст, сабт шавад, аммо бо қарори доварон ӯ мағлуб шуд.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 12.05.2022

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 12.4950 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: