Тақвияти ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея дар соҳаи сайёҳӣ

0
1 730 просмотров

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо ҳаммуассиси ширкати «Hans Biotech» СО., LTD./«Опе Heart Smart» СО., LTD. Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, омӯзиши таҷрибаи Корея ва ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт табодули афкор сурат гирифт.

Бо мақсади рушди ҳамкорӣ ва оммавӣ гардондани сайёҳӣ миёни Hans Biotech» СО., LTD./«Опе Heart Smart» СО., LTD. Ҷумҳурии Корея  ва КВД «Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ»- и Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.

Ёдрас мешавем, ки ҳайати доираҳои сармоягузории Корея дар доираи иштирок  дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея  ба кишвари мо омада буданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Летние образы 2021 для девушек

Май близится к концу, так что уже пора примерять перед зеркалом модные образы на лето. Из каких же ингредиентов будет состоять летний гардероб в этом ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: