Мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо Қазоқистон омодааст

0
1 777 просмотров

Дар остонаи бозии дӯстона бо Қазоқистон дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббии муваққатӣ Мубин Эргашев дар варзишгоҳи «Остона-Арена»-и Нур-Султон тамрини пеш аз бозӣ анҷом дод.

Машғулиятҳо як соат давом карданд. Дастаи мо бо ҳайати пурра ба бозӣ омода шуд. Аз ин бармеояд, ки 21 футболбози даъватшуда дар ҳолати хуб қарор доранд. Ёдовар мешавем, ки бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Қазоқистон ва Тоҷикистон имрӯз дар варзишгоҳи “Остона-Арена”-и Нур-Султон баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Шабакаи телевизионии «Варзиш» ин вохӯриро мустақиман намоиш медиҳад.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Тоҷикистон дар остонаи оянда: Tcell дар Осиёи Марказӣ аввалин шабакаи 5G –ро дар Тоҷикистон роҳандозӣ менамояд!

Ширкати телекоммуникатсионии Tcell дар қаламрави Тоҷикистон аввалин шуда, литсензияи 5G-ро соҳиб гардид ва омода аст, то ин технологияи навинро ба ҳамватанон ошно созад! Tcell, ҳамчун ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: