Ғизои хонагӣ масраф кунед то дучори диабет нашавед

0
3 025 просмотров

Як мутолиа нишон медиҳад, дар хонаводаҳое, ки аз ғизоҳои тавлидшуда дар хориҷ аз хона ва ағлаб фастфудҳо зиёд истифода мекунанд, хатари ибтило ба чоқӣ ва ё изофаи вазн ва дар натиҷа эҳтимоли ибтило ба диабет бештар аст.

Ба гузориши Ирно, натиҷаи мутолиаи ҷадиди муҳаққиқони Донишгоҳи Ҳарвард дар Амрико нишон медиҳад, афроде, ки ғизои рӯзонаи худро дар хона ва бо риояти усули саломатӣ таҳия мекунанд, дар қиёс бо муроҷион ба марокизи таҳия ва арзаи ғизо, ки масрафкунандаи ғизоҳои умдатан пуркалория, ҳовии чарбиҳои ишбоъшуда, қанди боло ва маводи мағзии ҷузъӣ ҳастанд, камтар ба диабети навъи 2 мубтало мешаванд.

Бар асоси ин мутолиа, масрафи ғизои омода ва таҳияшуда дар берун аз хона ба хотири номуносиб будани кайфияти он муҷиби афзоиши вазн ва боло рафтани хатари ибтило ба диабет мешавад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Шарифовҳо — оилаи беҳтарини Хуҷанд

Ҷиҳати иҷроиши қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ давоми чанд моҳи охир дар Маҷмаи таърихию фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ, рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои вилояти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: