Қуттиҳои махсуси алоҳида барои партов дар Хуҷанд

0
2 078 просмотров

Дар шаҳри Хуҷанд бунёди корхонаи коркарди партов ба нақша гирифта шудааст. Дар робита ба ин бо супориши роҳбарияти шаҳри Хуҷанд маконҳои партовгузорӣ бо қуттиҳои ҷамъоварии намудҳои гуногуни партов таъмин гардиданд. Шаҳрвандон минбаъд партовҳоро мувофиқ ба таъйиноти қуттиҳо, ба мисли хокрӯба, зарфҳои шишагию пластикӣ, оҳан, меваю сабзавот ва ғайраҳо мегузоранд, ки ин барои ба навъҳо ҷудо намудани партов мусоидат мекунад.

Аз ҷониби КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» аллакай 120 намуди чунин қуттиҳо дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр гузошта шудаанд. Дар шаҳри Хуҷанд 175 нуқтаи партов бо 780 адад қуттӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза аз ҷониби КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» партовҳо бароварда мешаванд.

Инчунин КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» ҳамарӯза дар хизмати шаҳрвандон ва идораву ташкилоти шаҳр қарор дошта, дар самти тозаву озода нигоҳ  доштани шаҳри Хуҷанд аз тамоми имконият истифода менамоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Месси ба «Барселона» бармегардад!

Ҳамлавари аргентинии бошгоҳи амрикоии «Интер Майами» Лионел Месси эҳтимолан дастаашро иваз мекунад. Тибқи иттилои Gol Digital, Месси метавонад дар оғози соли 2026 дубора ба сафи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: