Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд

0
2 505 просмотров

7 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз, мулоқоту суҳбат бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулону намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ истиқбол гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ як силсила иншооти таъйиноти гуногун бунёд ва тадбирҳои зиёди ободонӣ амалӣ шудаанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Аксҳои беҳтарин дар «Фоторепортаж»

Азизони дил чун Шумо огаҳӣ доред, дар Медиапортали Тироз бахши «Фоторепортаж» мавҷуд аст, ки бо ворид шудан ба ин ҷо Шумо аксҳои аҷибу нотакрори аз ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: