Хуҷанд: Даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид

0
2 701 просмотров

Дар чойхонаи «Сирдарё»-и шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи  беҳтарин» бо иштироки кадбонуҳо аз 16 маҳаллаҳои шаҳр баргузор  гардид.

Озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонувон, занони соҳибзавқ, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта, ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, завқи дастархонороӣ, ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ доир шуд.

Бо баҳогузории аъзои ҳакамон ғолибони озмун муайян карда шуда, ҷойи аввалро кадбону аз маҳаллаи «Тути калон» Шаҳноза Зокирова,  ҷойи дуюмро кадбону аз маҳаллаи «Сари баландӣ» Муборак Эргашова  ва ҷойи сеюмро кадбону аз маҳаллаи «Содирхон Ҳофиз» Бароат Ӯрунова соҳиб гардиданд.

Ба ғолибон Диплому туҳфаҳои хотиравӣ ва ба иштирокчиёни озмун сипосномаҳо супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки даврии вилояти озмуни мазкур 31 март баргузор хоҳад, ки дар он ғолибони даври аввал ширкат меварзанд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

50 миллион баргардонида шуд

Муаммо ё худ проблемаи асосии муҳоҷирони меҳнатӣ ин сари вақт нагирифтани музди корашон аст. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Россия гуфт, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: