Дар Душанбе музокироти гурӯҳҳои корӣ оид ба аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид

0
2 866 просмотров

26-30 январ дар Душанбе байни гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон музокирот баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, др ҷараёни музокирот Нақша-ҷадвали мулоқотҳо барои соли 2021, ки вохӯриҳои ҳармоҳаи тарафҳоро пешбинӣ мекунад, ҳамоҳанг шуд.

Ҷонибҳо роҷеъ ба макон ва таърихи анҷом додани корҳои муштараки саҳроӣ ба мувофиқа расида, дигар масъалаҳои марзӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро баррасӣ карданд. Аз натиҷаи музокирот Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Музокирот дар фазои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек барпо гардид.

Манбаъ: АМИТ  «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аёдат карда шуданд

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони мардумӣ Сурайё Дӯстмуродзода ва Ғиёсиддин Ашурзода вакилони Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: