Фестивал — озмуни «Либосҳои миллӣ» дар Хуҷанд

0
3 313 просмотров

Бо мақсади тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ, боло бурдани завқи зебоипарастӣ ва дастгирии истеҳсолкунандаи ватанӣ дар шаҳри Хуҷанд Фестивал — озмуни «Либосҳои миллӣ» баргузор гардид.

Дар Фестивал — озмуни мазкур 20 нафар тарроҳ-дизайнерон иштирок намуда, маҳсули ҳунари худро ба намоиш гузоштанд.

Ҳайати босалоҳияти ҳакамон аз рӯи панҷ намуд — «Беҳтарин либоси кўдакона», «Беҳтарин либоси рўзмарра барои ҷавонон ва миёнсолон», «Беҳтарин либоси расмӣ барои ҷавонон ва миёнсолон», «Беҳтарин либоси миллии қадима», «Беҳтарин либоси идона»  либосҳои дӯхтаи тарроҳон ва дӯзандагонро баҳогузорӣ намуданд ва ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мечты сбываются: Криштиану Роналду дал автограф таджикскому футболисту

Среди нескольких сотен болельщиков Криштиану Роналду дал автограф только 20-летнему таджикскому футболисту Руслану Джафоеву. У молодого таджикского спортсмена Руслана Джафоева сбылась самая заветная мечта: он ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: