Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов «Корпоратсияи моҳии тоҷик» ташкил ва ба парвариши гулмоҳӣ махсус гардонида мешавад

0
2 973 просмотров

Бо мақсади рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов «Корпоратсияи моҳии тоҷик» ташкил ва тибқи нақша ба парвариши гулмоҳӣ махсус гардонида мешавад. Айни замон корҳои сохтмони хоҷагии моҳипарварӣ бо суръат идома дошта, бо истифода аз техникаи пуриқтидор кофтани 25 ҳавзи моҳипарварӣ ҷараён дорад. Майдони умумии хоҷагии моҳипарварӣ  3 гектар буда, тибқи нақша дар марҳилаи аввал 100 ҳазор гулмоҳичаҳо парвариш меёбанд.

Тавре аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд хабар доданд, хоҷагӣ ният дорад, ки дар соли аввали  фаъолият 100 тонна гӯшти тайёри гулмоҳиро пешкаши харидорон намояд. Намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва «Корпоратсияи моҳии тоҷик»-и чумҳурӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дидан намуда, ба моҳипарварон маслиҳатҳои муфид пешниҳод карданд.

Интизор меравад, ки  хоҷагии моҳипарварӣ дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ба истифода дода шавад. Ҳамзамон бо  мақсади фароҳам овардани шароит барои афзоиши моҳичаҳо ва маҳсулот сохтмони сехи инкубатсия пешбинӣ гардидааст.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Эксперты СНГ обсудят вопросы минимизации случаев нарушения прав человека

Вопросы минимизации случаев нарушения прав человека будут обсуждены на заседании экспертной группы по согласованию проекта Плана мероприятий по реализации Концепции согласованной социальной и демографической политики ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: