Намоишгоҳи «Made in Tajikistan-2020» имсол дар шакли онлайн мегузарад

0
1 973 просмотров

Аз 26 ноябр то 17 декабри соли равон намоишгоҳи анъанавии «Made in Tajikistan-2020» тариқи онлайн баргузор мешавад.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд.

Вобаста ба вазъи кунунии иқтисодии ҷаҳон ва инчунин пандемияи COVID-19 тасмим гирифта шудааст, ки баргузории намоишгоҳ тавассути Интернет сурат гирад.

Ҳадафи асосии намоишгоҳ дастгирии соҳибкорон ва содиркунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, инчунин дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, таблиғи ширкатҳою маҳсулот дар бозорҳои дохилию байналмилалӣ ва афзоиши иқтидори содиротии Тоҷикистон мебошад.

Ба гуфтаи созмондиҳандагони намоишгоҳ, иштироки ширкатҳо дар он ройгон хоҳад буд, ки ин шумораи содиротро васеъ ва истеъмолкунандагони маҳсулотро дар бозори дохилию хориҷӣ зиёд мекунад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар» 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Предварительный этап межсезонного турнира на Кубок ФФТ стартует 31 января

Предварительный этап межсезонного турнира на Кубок Федерации футбола Таджикистана в душанбинской зоне стартует в четверг, 31 января, сообщили НИАТ «Ховар» в Федерации футбола Таджикистана. Традиционно ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: