Шабнами Сурайё: Ба консерти Ню-Йорк наравед!

0
6 342 просмотров

Шабнами Сурайё, хонандаи пуровозаи попи тоҷик аз ҳаводоронаш даъват кардааст, чиптаҳои консертеро, ки қарор аст 3 апрел дар шаҳри Ню-Йорки Амрико баргузор шавад, харидорӣ накунанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои таблиғие нашр шудааст, ки аз консерти Шабнами Сурайё дар шаҳри Ню-Йорк хабар медиҳад. Дар онҳо санаи баргузории консерт 3 апрел хабар дода мешавад. Аммо саҳифае, ки дар Фейсбук бо номи Шабнами Сурайё сабт шудааст ва аксҳои ӯро мегузорад, навишта, ин таблиғот ҳақиқат надорад: “Бе розигии ман онҳо ин рекламаҳоро насб кардаанд. Яъне, шумо ба он бовар насозед ва чиптаҳояшро харидорӣ накунед”.

Шабнами Сурайё ваъда кардааст, ӯ консерташро дар вақти дигар ба нақша гирифтааст ва замону маконашро баъдан хабар медиҳад.

Шабнами Сурайё, духтари Сурайё Қосимова буда, дар фазои санъати попи Тоҷикистон пештоз аст. Ӯ яке аз аввалин хонандаҳои тоҷик гуфта мешавад, ки дар саҳнаҳои Амрикову бархе кишварҳои Аврупо ҳунарнамоӣ кардааст. Моҳи августи соли 2014 ҳамроҳи хоҳаронаш – Фарзонаву Бибирӯзигул ва духтараш Шарифамоҳ ба зиёрати Хонаи Худо рафт ва “ҳоҷибибӣ” шуд.

Манбаъ: http://www.ozodagon.com/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Гӯшти мурғ ва интихоби босифати он

Дар замони Шӯравӣ  дар рафҳои мағозаҳо гӯштҳои мурғи ба назар лоғар дар фурӯш буданд, аммо тамъи хубе доштанд. Аммо мурғҳои ҳозира ба назар фарбеҳ менамоянду ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: