Тақдими ду адад нақлиёти санитарии махсус ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон

0
1 942 просмотров

Аз ҷониби  Намояндагии Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ  (TIKA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ду адад нақлиёти санитарии махсус ва чор таҷҳизот барои ташхиси шунавоии кӯдакон тақдим карда шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими супоридани нақлиёти мазкур Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода ва Ҳамоҳангсози барномаи ТИКА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тарик Мете иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода гуфт, ки  кумаки Намояндагии Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи ҳамкории мутақобилан судманди ду давлати  бо ҳам дӯст арзёбӣ мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Хуҷанд боз 400 бех ниҳоли ардач шинониданд

Дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ идома дорад. Рӯзи шанбеи гузашта зиёда аз 300 нафар кормандони хоҷагию коммуналӣ, идораи махсуси партовкашонӣ, хоҷагии кабудизоркунӣ, КВДК ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: