Маъмурияти дипломатии Сафири Италия дар Тоҷикистон ба анҷом расид

0
2 022 просмотров

6 июл мулоқоти видеоии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Ҷумҳурии Италия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар Тошканд Андреа Бертотсӣ бино бар ба поён ёфтани маъмурияти дипломатиаш барпо гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ба Андреа Бертотсӣ барои саҳми арзандааш дар тақвияти ҳамкории дуҷониба миннатдорӣ баён намуд.

Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо инчунин аҳаммияти баргузории чорабиниҳои банақшагирифташуда, аз ҷумла вохӯриҳо дар сатҳи олӣ ва баландро, пас аз ба эътидол омадани вазъи ҷаҳон бар асари вобаста ба ҳамагирӣ таъкид карданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Панҷ хатоӣ дар рангубори рӯй

Кӯшиши ҳамеша ҷавон мондан. Бисёр вақт дар зери таъсири афкори ҷамъиятӣ занҳо зарурияти нисбат ба синну соли худ ҷавонтар намудор будани худро эҳсос мекунанд. Дар баъзе ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: