Мулоқоти Гулрӯ Ҷабборзода бо хонум Ясмин Гуедар

0
1 984 просмотров

 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода бо Сафири Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар мулоқот намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот Гулрӯ Ҷабборзода вазъияти бар асари хуруҷи Covid-19 дар ҷаҳон бавуҷудомадаро шарҳ дода, ба Сафир бинобар  сироятёбӣ ва фавти шаҳрвандони Франсия бар асари ин беморӣ изҳори таслият намуд.

Ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориро дар самтҳои мавриди эҳтироми тарафайн мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин масъалаҳои бокортаъминкунӣ ва фарогирии ҷавонон бо касбҳои муосир, омода намудани мутахассисони баландихтисос бо назардошти талаботи бозори меҳнати байналмилалӣ мавриди гуфтушунид қарор гирифтанд.

Аз ҷониби хонум Ясмин Гуедар барои омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи ғании Франсия дар самтҳои дахлдор даъват ба амал оварда шуд.

Дар интиҳо роҷеъ ба нақшаҳои минбаъда ва роҳандозии ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ  табодули назар сурат гирифт.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Вусъати корҳои бунёдкорӣ дар Хуҷанд

Дар вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ, бунёду навсозиии боғҳо ва шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда муташаккилона ҷараён дошта, дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонида мешавад.Корҳои бунёдкорӣ дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: