500 ҳазор сомонӣ аз ҷониби корхонаҳои Ғаюр барои пешгирии коронавирус

0
2 011 просмотров

ҶДММ КМ «Хуаксин Ғаюр Семент», ки ба Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» шомил аст барои пешгирии пайдоиш ва паҳншавии  COVID-19 дар ҷумҳурӣ  ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 500 000 сомонӣ ҷудо  намуд. Дар ин бора  ба  АМИТ «Ховар» аз  Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» хабар доданд.

Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр» тадбирҳои  роҳандозинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба пешгирии пайдоиш ва паҳншавии пандемияи сироятии COVID-19 дар қаламрави мамлакат пурра тарафдорӣ менамояд.

«Мо, аз ҷумла дар тамоми ширкатҳои Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр», барои амалисозии чорабиниҳои маҷмаавии профилактикӣ ва санитарию гигиении қабулшуда кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Қисми муҳими фаъолияти корхонаҳои мо, ки «Хуаксин Ғаюр Семент» ба шумори онҳо мансуб аст, принсипҳои масъулияти иҷтимоии корпоративӣ мебошанд. Барои амалигардонии ҳамин принсипҳо, мо фонди хайриявии “Ман Тоҷикистонро дӯст медорам!»-ро ташкил додаем, ки лоиҳаҳоеро, чун сохтмони мактабу кӯдакистонҳо, роҳҳову пулҳо маблағгузорӣ менамояд.

Мо ҳамеша кӯшиш менамоем, ки дар  рушди мамлакат ва беҳбудии ҷомеа саҳмгузор бошем»,- иброз доштанд ба хабарнигор АМИТ «Ховар»  дар  Гурӯҳи корхонаҳои «Ғаюр».

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

В Турции призывают к выходу страны из НАТО

НАТО не является гарантом независимости Турции, а, напротив, подрывает ее, поэтому страна должна выйти из этой организации, заявил в понедельник председатель турецкой партии «Родина» (Vatan) ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: