86 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд

0
2 882 просмотров

Дар шаҳри Конибодом ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор гардид, ки дар натиҷа 15 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ шуданд.

Дар ярмарка аз 12 корхонаву ташкилот 171 ҷойҳои холии корӣ аз рӯйи ихтисосҳои гуногун пешниҳод карда шуданд.  Аз 267 нафар шаҳрвандони дар ярмарка иштироккарда 15 нафарашон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, 30 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддат ва 20 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шуданд.

Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ҳар моҳ гузаронида шуда, аз оғози сол то  имрӯз  86 нафар шаҳрвандон тавассути чунин ярмаркаҳо бо ҷойи кор таъмин, 130 нафар ба касбомӯзӣ фиристода ва 55 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ номнавис гардиданд.

Дар ин бора  sugd.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сегоникҳо ба мактаб мераванд

Сегоникҳо Фотима Зӯҳро ва Кибирё мактабрав шуданд. Падари онҳо Камолиддин камолов гуфт, ки  чанд сол боз дар орзуи мактабхон шудани сегоникҳо буд. Субҳи санаи 1 ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: