Баррасии масоили пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар мулоқоти сафири тоҷик бо вазири Эрон

0
3 431 просмотров

Чанде қабл сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ҳамроҳ бо муовини вазири тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимов бо доктор Саид Ҳасани Ҳошимӣ-вазири беҳдошт, дармон ва улуми пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот карданд.
Дар рафти мулоқот оид ба масъалаҳои мубрами ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Эрон, рафти татбиқи барномаву лоиҳаҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар бахшҳои дарёфт ва роҳандозии усулҳои муосири ташхис, таъминот бо маводи дорувории хушсифат, ҳамчунин дар робита ба масъалаҳои тибби муосир-пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон, инчунин қабули донишҷӯён тариқи бурсия ва дигар мавзӯъҳо табодули назар сурат гирифт.

Дар ин бора  khovar.tj  хабар медиҳад. 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳатмӣ гардид, яъне хонандагон баъди хатми синфи 9 ҳатман бояд хонанд»

Дар асоси муқаррароти қонунгузорӣ акнун ҳамаи хатмкунандагони зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ баъди хатми синфи 9 вазифадоранд, ки дар ҳолати ихтиёран идома надодани таҳсил дар зинаи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: