Посухи Раҷаббой Ахмадзода ба рӯзноманигорон оиди марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

0
2 041 просмотров

Санаи 5 феврал, дар Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд, ҳангоми саволу ҷавоб бо хабарнигорон аз тарафи Раупова хабарнигори Азия-плюс суоле оид ба тақсимоти марзи Тоҷикистону Қирғизистон пешкаш шуд.

Бино ба посухи Раиси вилояти Суғд, ҳоло кори комиссияи салоҳиятдори ду ҷониб таҳти роҳбарии Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон ва Жениш Раззоқов, муовини сарвазири Қирғизистон дар марз идома дорад.

Дар пешбурди кори Комиссияи муайян ва аломатгузории марз аз тарафи Тоҷикистон ба ҳисоби Азим Иброҳим 18 нафари дигар шомил ҳастанд ва ҷониби Қирғизистон низ ба ҷуз муовини сарвазир Раззоқов, шумори ашхоси лозимро ҷалб намудааст.

 “Ман боварии комил дорам, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ин масъалаҳо бо роҳи дипломатӣ ва баробарарзиш ҳал мешаванд. Мо имрӯз ягон ваҷаб замини худро бе асос ба ягон кас намедиҳем. Ворух анклав нест ва масъалаҳои тақсими марз дар доираи гуфтушуниди ҷонибҳо ҳал карда мешавад”, — таъкид намуд Аҳмадзода.

Гузориши Карим Юлдашев аз Нишасти матбуотии Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

В Таджикистане собрана половина запланированного урожая хлопка

Более 174,8 тыс. тонн хлопка-сырца собрано в Таджикистане с начала хлопкоуборочной кампании. Об этом сообщает министерство сельского хозяйства Таджикистана. По данным источника, собранный урожай составляет ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: