Муҳокимаи муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Хорватия

0
2 119 просмотров

10 декабр дар шаҳри Брюссел дар ҳошияи ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Хорватия Гордан Грлич Радман барпо гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳким ва густариши муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Хорватия, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо муҳокима шуданд.

Вазирон ба зарурати тақвияти робитаҳои сиёсӣ, бунёди заминаи шартномавию ҳуқуқӣ ва афзорҳои муколамавӣ бо мақсади такон бахшидан ба муносибатҳои миёни ду давлат таъкид карданд.

Табодули афкори судманд ҳамчунин дар мавриди ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн сурат гирифт.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 11-уми байналмилалии ҳуқуқшиносони Санкт-Петербург иштирок намуд

12 май дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия дар ҳошияи Форуми 11-уми байналмилалии ҳуқуқшиносон мулоқоти дуҷонибаи директори Хадамоти федеролии иҷрочиёни суди Федератсияи Русия Дмитрий  Аристов бо Сардори ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: