Устондори Хуросони Разавӣ ба Суғд меояд

0
2 874 просмотров

Тавре аз хадамоти матбуотии Раиси вилоят иттилоъ медиҳанд, имрӯз, 11 июн устондори Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Рашидиён бо сафари корӣ ба вилояти Суғд хоҳад омад.

Дар назар аст, ки зимни ин сафар Алиризо Рашидиён бо Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дидор ва мулоқот намояд.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо зимни ин дидор рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла фарҳангу иқтисод баррасӣ намоянд.

Устондори Хуросони Разавӣ дар ин сафар инчунин аз МОИ «Суғд», Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», Қасри Арбоб, Регистони Панҷшанбе, шаҳраки Сайҳун дидан мекунад. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии Раиси вилоят иттилоъ медиҳанд. 

 

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҷавонон ояндасози миллатанд

«Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: