Қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Спитамен ба таври «Равзанаи ягона» сурат мегирад

0
3 322 просмотров

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен бо фаъолияти «Равзанаи ягона» —  усули нави қабули шаҳрвандон дар мақомоти иҷроияи маҳаллӣ шинос гардид. Тавре аён гардид, дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен барои қабули шаҳрвандон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ошёни якуми бинои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар утоқҳои боз ба таври шаффоф шаҳрвандонро қабул менамоянд. Дар ин утоқҳо, ки бо истифода аз усулҳои замонавии меъморӣ дар толор ҷойгир карда шудаанд, 28 нафар кормандони шӯъбаву бахшҳои гуногун шаҳрвандонро қабул менамоянд. Таъкид карда шуд, ки пас аз фаъол гардидани усули нави қабули шаҳрвандон онҳо метавонанд дар тамоми рӯзҳо ба роҳбарияти ноҳия муроҷиат намоянд.

Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бо мақсади беҳтар намудани сифати маҳсулоти сохтмонӣ дар Душанбе машварати омӯзишӣ баргузор шуд

Дар Агентии Тоҷикстандарт бо иштироки доираи васеи соҳибкорони ватанӣ, ки ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, ба монанди сангу шағал ва сангрезаву рег машғул мебошанд, машварати омӯзишӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: