Аз ҷониби мутахассисони Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд санҷиши муштарак гузаронида шуд. Натиҷаи санҷиши давлатӣ оид ба риояи хизматрасонии савдои чакана ва бехатарии маҳсулот нишон дод, ки дар амборхонаи ҶДММ «Абад-тиҷорат» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ба миқдори хеле калон, аниқтараш наздики 8 000 киллограм, ба маблағи умумии зиёда аз 52000 сомонӣ маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва мӯҳлати истеъмолашон гузашта вуҷуд дорад, ки он ошкор ва аз фурӯш боздошта шуд. Мувофиқи маълумоти сардори озмоишгоҳи Марказ Равшан Бақоев натиҷаи ташхис нишон дод, ки аксарияти маҳсулотҳои барои ташхис пешниҳодгардида аз рӯи нишондиҳандаҳо ба талаботи стандарт номутобиқанд. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии раиси вилоят иттилоъ доданд.
Лучшие американские актёры и фильмы награждены на People`s Choise Awards
Премия People’s Choice Awards сильно отличается от многочисленных наград. В данном случае судьёй становится широкая общественность, то есть победители премии — фавориты национального голосования. Лучшие ...


Нет комментариев