4 миллион сомонӣ барои навсозии роҳҳо

1
4 168 просмотров

роххоДар асоси нақшаи таҷдид ва навсозии роҳҳои шаҳри Хуҷанд дар баробари дигар кӯчаҳо беш аз 1,5 км роҳи шоҳроҳи «Автомагистралная» пурра азнавсозӣ карда хоҳад шуд. Тавре аз мақомоти маҳаллӣ дар шаҳри Хуҷанд хабар доданд, навсозии  шоҳроҳи мазкур бо назардошти ҳаҷми умумии кор дар ду марҳила сурат мегирад. Марҳилаи аввал аз назди идораи маъмурии Раёсати БДА-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд то гардишгоҳи бинои таълимии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуровро дар бар гирифта, дар ин қисмати шоҳроҳ сутунпояҳои равшанидиҳӣ насб карда мешаванд. Қисмати дуюм то бинои маъмурии Муассисаи троллейбусҳои шаҳрро дар бар хоҳад гирифт. Ба иттилои манбаъ паҳноии роҳ 24 метр буда, барои анҷоми корҳои навсозӣ 4 миллион сомонӣ равона карда мешавад.  Дар ин бора аз хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳанд.

1 comment

Добавить комментарий для Биение сердца Отменить ответ

Также рекомендуем

Роналду ва Зидан ҳамдаста мешаванд

Ҳамлавари «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду метавонад, ки идомаи маснади варзишӣ дар «Пари Сен-Жермен» намояд, иттилоъ медиҳад Marca бо такя ба маълумотҳои Daily Mirror. Аз рӯи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: