1 окятбр «Корвони китоб» ба Суғд меояд

0
2 996 просмотров

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006- 2015» соли нуҳум аст, ки тавассути КВДТС «Китоб» Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар қаламрави кишвар роҳандозӣ мешавад.

«Корвони китоб»- и имсола аз солҳои пеш бо он тафовут дорад, ки имсол роҳбарияти Вазорати фарҳанги кишвар муассисаҳои нашриявии тобеи вазорат, созмонҳои ҷамъиятӣ ва муаллифони алоҳидаро барои ширкат дар ин чорабинии фарҳангӣ ҷалб намуда, китобҳоеро, ки дар доираи маблағҳои давлатӣ ба табъ расида буданд, барои ба таври ройгон дар ихтиёри китобхонаҳо гузоштан ба фонди «Корвони китоб» шомил намуд.

Ёдовар мешавем, ки  «Корвони китоб- 2015» 1- уми октябри соли 2015  ба  вилояти Суғд меояд.  Сафар як ҳафта идома ёфта, дар он баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр ва нишасту вохӯриҳо бо хонандагон бо ширкати аҳли қалами вилоят дар назар дошта шудааст.

Дар ин бора http://sugd.tj/index.php/tj/navidi-sugd/5388-kitob хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Как выбрать зонт?

Когда мы пользуемся зонтиками? В основном, в непогоду, когда на улице идет дождик. И это чаще бывает осенью, ведь это время года славится постоянными дождями. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: