Хадамоти нави ҷустуҷӯйӣ барои кӯдакон

1
5 724 просмотров

Портали интернетии Sputnik лоиҳаи нави усули ҷустуҷӯйро барои кӯдакон: «радиф.кӯдакон» («спутник.дети»)-ро фаъол намуд.

Сарчашмаи мазкур аввалин маротиба моҳи октябри соли гузашта эълон гардида буд, лекин баромади расмии он акнун баргузор мегардад.

«Спутник.дети» ба ҷавонон барои ба  саволҳои шавқовари худ  ҷавобҳои мушаххасро  пайдо намудан ёрӣ медиҳад.

Тахминан байни 5 ҳазор сомона бо филми тавсирии гуногун, инчунин ҷустуҷӯи маълумот, ҳамзамон китобҳо, масъалаҳо, бозиҳо ва дигар контент барои кӯдакон мавҷуд аст.

Хадамоти нав ба кӯдакони синнашон аз 0 то 12 сола равона карда шудааст. Қариб панҷоҳ фоизи мавод аз  тарафи муассисаҳои таълимӣ гузошта мешавад.

Қисми дуюми ин портали интернетӣ мавзӯъҳои шавқовар мебошад. Шумораи сомонаҳои дастрас доимо рушд ва азнавсозӣ мешавад. Барои он, ки ин имконпазир гардад, дар кори ҷустуҷӯй намудан гурӯҳи забоншиносон ва таҳлилгарон инчунин худи истифодабарандагони ҷавон ҳамроҳи волидайн заҳмат мекашанд.

Ғайр аз ин вазифаи асосии «спутник.дети»-ро функсияи хостинги видеоӣ иҷро мекунад. Ҳаҷми калони видео ва семинарҳо бо дастгирии майдончаи (сомонаи)машҳури Rutube дастрас мегардад.

 

Манбаъи истифодашуда: http://www.gizmonews.ru/

1 comment

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон беш аз ҳазор чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешавад

Аз 1 март то 5 апрел дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 1077 чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: