Владимир Путин бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд

0
2 044 просмотров

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 сентябри соли 2021 Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни ин сафар сарони давлатҳо «якка ба якка» ва дар ҳайати васеъ бо иштироки ҳайатҳо гуфтушунид хоҳанд кард.

Президентони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар маросими санги асос гузоштан ба таҳкурсии панҷ мактаби таълимӣ бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода дар шакли видеоконференсия ширкат хоҳанд кард.

Дар поёни музокирот ба имзо расонидани Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Русия оид ба таъмиқи минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ ва иттифоқи стратегӣ, инчунин зиёда аз бист санади нав ба нақша гирифта шудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар хона мушакҳоро чӣ тавр машқ диҳем.

Бисёриҳо фикр мекунанд, ки дар хона мушакҳои худро дуруст машқ медиҳанд. Вале бояд гуфт, ки иҷрои нодурусти машқ на фақат натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, балки баъзан ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: