Таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти фаъолияти гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар мулоқоти роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Турсунзода ва муовини Раиси Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон Надир Мусамухамедов доираи васеи масъалаҳои муҳим, аз ҷумла содагардонии расмиёти гумрукӣ, коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт, таъмини шаффофият ва суръатбахшии барасмиятдарории молҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамчунин ба масъалаҳои марбут ба рушди табодули иттилоот байни мақомоти гумрукии ду давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт баррасӣ карда шуданд.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо ба таъмини табодули пешакии маълумот оид ба молҳои транзитӣ, ҳамоҳангсозии маълумот вобаста ба молҳое, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ барои эҳтиёҷоти шахсӣ интиқол дода мешаванд, инчунин ба такмили равандҳои назорати гумрукӣ дар дидбонгоҳҳои наздисарҳадӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Мулоқоти роҳбарияти мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Узбекистон дар таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди муносибатҳои иқтисодӣ байни ду давлат қадами муҳим арзёбӣ мегардад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»


Нет комментариев